Мотам дар оилаи Зафар Аюбӣ: сарвари хонадон даргузашт

Нуралӣ Аюбӣ, шоир ва омӯзгори собиқадори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз дар синни 90-солагӣ даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Нуралӣ Аюбӣ, бародари бузурги шоир Сафармуҳаммад Аюбӣ ва падари овозхон Зафар Аюбӣ, маъруф бо номи Зафарча, дунёро дар синни 90-солагӣ падрӯд гуфт.

Боз як Хуршед моро тарк гуфт: дар сӯги устод Додихудо Саймиддинов

Дар бораи даргузашти Нуралӣ Аюбӣ, корбар Самирҷони Зафар дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ӯро ганҷи бебаҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб арзёбӣ кардааст.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи рӯзноманигории Донишгоҳои миллии Тоҷикистон дар сӯги Нуралӣ Аюбӣ навиштааст, ик “ҳамроҳи устоди марҳум Саид Раҳим шеър эҷод мекарданд ва шеърхонӣ мекарданд! Солҳо дар кафедраи забони тоҷикии ДДОК кор карданд, хидмат карданд! Худо раҳматаш кунад!”.

Чанд соли қабл рӯзномаи Хатлон аз чопи маҷмӯаи шеърҳои Нуралӣ Аюбӣ зери унвони “Садоқат” хабар дода, афзуд, ки аввалин шеъри ин китоб – “Донишгоҳи ман” ба 70-солагии ДДК бахшида шудааст.  Таъкид шуда буд, ки устод Нуралӣ Аюбӣ бо вуҷуди он, ки синнаш ба ҷое расидааст, ҳоло ҳам ба шогирдон дарс мегӯяд.

“Дили ҷавон, симои зебо, бозуи тавоно, ҳаракатҳои ҷавонмардона, андешаи одилона ва суҳбати орифона дорад. Шеъру дубайтӣ, ғазалу таронаи шоир бештар ба инсондӯстию ватандорӣ бахшида шудаанд”, - зикр шуд дар матлаби нашркардаи "Хатлон".