Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расид. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 66 нафар баробар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашти як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт.

Акнун теъдоди умумии қурбониёни ин маризӣ дар кишвар ба 66 нафар баробар шудааст.

Мақоми 93-юми Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи сироятёбӣ ба коронавирус

Гузашта аз ин, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 37 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт гардид. Шумораи умумии гирифторони  COVID-19 ба 8203 нафар расидааст.

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7006  (85,4%) гирифторони коронавирус шифо ёфтанд.

"Шабонарӯзи охир 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд",- таъкид мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон ба таври расмӣ аз бурузи ин беморӣ 30 - юми апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд. Қабл аз эълони бурузи ин маризӣ дар кишвар, ҳукумати Тоҷикистон чораҳои пешгирикунанда аз ин маризиро роҳандозӣ намуда, равобити ҳавоӣ ва заминиро баста намуд.