Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Ҷавондухтари 23 - сола якуним сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд ва рӯзи 11 - уми августи соли ҷорӣ даст ба худкушӣ зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Эргашова Моҳчеҳра сокини 23 - солаи ноҳияи Деваштич қабл аз худкушӣ кардан, дар мактуб иллати ин амалашро навиштааст, то дар марги ӯ касеро муттаҳам накунанд, хабар медиҳад нашрияи Пайк.

Ба иттилои манбаъ, марҳум 1,5 сол пеш аз шавҳари худ ҷудо шуд ва бо кӯдаки дар батнаш буда ба хонаи падараш кӯчид.

"Рӯзи 11 - уми август духтарчаи якунимсолаи Моҳчеҳра бемор шуда, дар белинчак ҷон додааст", - омадааст дар хабар.

Кӯдак дар набудани модари худ, дар белинчак тасф карда, ҷон додаст. Гуфта мешавад, модараш бо пайвандони худ ба кори саҳро машғул будааст. Белинчак, ин алвонҷак ё худ расани дуқат карда ба ду сутун басташуда мебошад, ки дар мобайни он барои кӯдакон ҷои хоб сохта, ба ҳар сӯ алвонҷ медиҳанд.

Модари ҷавон марги фарзанди худро таҳаммул накарда, худи ҳамон рӯз даст ба худкушӣ задааст.

Чанде пеш дар ноҳияи мазкур ҷавоне зери тамғаи КАМАЗ монда ба таври фоҷиавӣ ҷон бохт.