ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ боздошти афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Азизов Ҷиёнхон Зайдуллоевич ва муовини командири қисми ҳарбии ин ниҳод дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон полковник Усмонзода Мирзодавлат Абдуғафор дар пайи баррасии шикояти шаҳрванд Умарова А.И сурат гирифтааст.
Бар асоис муроҷиати шаҳрван Умарова А.И полковник Усмонзода Мирзодавлат барои бо сабаби беморӣ аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш Маазамов Т. маблағи калони пулӣ ба сифати пора талаб намуда, дар ду маврид маблағи 15000 сомонӣ ва полковник Азизов Ҷиёнхон дар се маврид маблағи 17000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 8000 сомониро талаб намуда истодаанд, гуфтааст Агентӣ
“Худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Азизов Ҷ.З. баъди аз шаҳрванд Умарова А.И. гирифтани маблағи 8000 сомонӣ ба сифати пора дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ собит намуд, афсарони КДАМ дар асоси маслиҳати пешакӣ, ҳамчун шахсони мансабдор барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколатҳои онҳо дохил мешавад, яъне дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани сарбози бемор Маазамов Т. ба сифати пора дар маҷмӯъ маблағи 40 000 сомонӣ талаб карда гирифтаанд.
Боздошти пизишк дар Истаравшан: барои билети ҳарбӣ 8 ҳазор талаб кард
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат 30 июли соли 2020 нисбати Азизов Ҷ.З. ва Усмонзода М.А. бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.