Аҳмадзода шахсан риояи меъёрҳои беҳдоштиро дар донишгоҳҳои Суғд тафтиш кард

Роҳбари Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон ва донишҷӯёни се донишгоҳҳои бузурги минтақа суҳбат карда, аз онҳо хостааст, ки тамоми меъёрҳоро ҳангоми пандемия риоя кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik.  Раҷаббой Аҳмадзода шахсан ба донишгоҳҳои бузурги минтақа дидан карда, санҷидааст, ки чӣ гуна дастурҳои зиддиэпидемиологӣ дар онҳо татбиқ карда мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси вилоят.

Фурӯшандаҳо дастпӯш надоранду харидорон ниқоб: се мағозаи Хуҷандро муваққатан бастанд

Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии ДТТ  дидан кард.

Гуфта мешавад, роҳбари минтақа ба якчанд синфхонаҳо ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо суҳбат карда, ҳамаро даъват кардааст, ки нисбат ба қоидаву тавсияҳои муқарраршударо бепарво набошанд.

Ҳамзамон,  барои пешгирӣ аз бемории коронавирус аз ҳисоби устодону донишҷӯëн навбатдоронро вобаста намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, афзудааст манбаъ.

Мақомоти Суғд ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятиро ҷарима мекунад?

Манбаъ мегӯяд, дар баробари ин корҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот сурат гирифта, пешниҳодоти идораҳои марбута дар самти тозагии бинову иншоот, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда пурра риоя мегардад.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

Раиси вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳо як қатор китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ туҳфа кардааст.