Завқизода бо намояндагони Сандуқи байналмилалии пул мулоқот кард: аз чӣ гуфтанд?

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

СБП қисме аз қарзи Тоҷикистонро бахшид
Бино бар иттилои манбаъ дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар шашмоҳаи аввали имсол баррасӣ гардиданд.

"Вазир ва намояндаи хазина аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат, инчунин ислоҳоти анҷомдодаю нақшаҳои минбаъда гуфтугӯ намуданд", - тавзеҳ медиҳад вазорат.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.