Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро нашр кард

Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 72 нафар гумонбарон қарор дошта, 36 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 19 август 8166 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 6971  (85,3%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 65 нафар фавтидаанд.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 72 нафар гумонбарон қарор дошта, 36 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", — афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

СҶБ ҳаҷми хисороти коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонро эълон кард

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.