Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ба сӯи Истироҳатгоҳи "Чорчаман" бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Президенти Тоҷикистон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.

Котиботи президенти Тоҷикистон мегӯяд, сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Раҳмонро ба ноҳияи Дарвоз хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипос кардаанд.

Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс
"Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштааст, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд", - омадааст дар хабарнома.

Шаҳрвандони Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ кардаанд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президент дар истироҳатгоҳи "Чорчаман" меҳмонхонаи замонавии «Чорчаман Хилс»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ барои ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Бино бар гузориши манбаъ, тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

Меҳмонхонаи «Чорчаман Хилс» дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Меҳмонхонаи «Чорчаман Хилс» дорои хизматрасониҳои васеъ буда, аз ҷумла барои саёҳати меҳмонон дар ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.