Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пизишкони ҷопонӣ аз мавҷи сеюми COVID - 19 хабар доданд

Коршиносони Ҷопон аз мавҷи сеюми коронавирус COVID - 19 пешгӯӣ карда, мегӯянд инсоният дар ояндаи наздик бо коронавирус ба сар хоҳад бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Сироятшиносони ҷопонӣ дар ҳамоиш гуфтанд, Ҷопон мавҷи дуюми густариши COVID - 19 - ро аз сар мегузаронад, хабар медиҳад NHK.

Баъзеҳо 3-4 моҳ берун нарафтанд: Раҳмон дар бораи гирифтории табибон ба COVID-19

"Ҳоло мо дар миёнаҳои мавҷи дуюм қарор дорем. Ҳам кишвар ва ҳам Токиё авҷи густариши вирусро паси сар карда истодаанд, вале бояд дар назар дошт, ки мавҷи нав мешавад?", - изҳор дошт раҳбари Ҷамъияти сироятшиносон  Кадзухиро Татэда дар телевизион.

Нахустин ваксинаи алайҳи COVID - 19 дар корхонаи дорусозӣ чӣ гуна истеҳсол мешавад - акс

Коршинос афзуд, ки дар ояндаи наздик мавҷи сеюм ва чоруми паҳншавии коронавирус ба назар хоҳад расид.

Сироятшиносони ҷопонӣ ба хулосаи нохушоянд расиданд: чанд вақт дар оянадаи наздик инсоният маҷбур мешавад дар шароити ҳамагирии коронавирус ба сар барад.

Як тоҷикистонии дигар аз COVID-19 фавтид: омори нави Вазорати тандурустӣ

Ҳамоиши сироятшиносон то 21 август давом карда дар он 3 ҳзаор кас ширкат мекунанд ва аз методҳои навтарини табобат ва озмоиши короанвирус нав хабар медиҳанд.