Нухустин мулоқоти КМИР бо мардум: мақомот аз сокинон хоҳони зиракии сиёсӣ шуданд

Дар шаҳри Бохтар нахустин вохӯрии аъзои комиссияи марказии интихобот бо сокинон ва фаъолони шаҳр баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мешавад, дар бинои мақомоти шаҳри Бохтар бо иштироки Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Раҳимзода Меъроҷ, коршиноси КМИР ва фаъолони шаҳр ҷаласаи машваратӣ доир гардид, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.

Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

Бино бар иттилои манбаъ, Хидирзода Махфират Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон” - ро шарҳу эзоҳ дода, вобаста ба ҳуқуқу ваколатҳои аъзоёни комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ суханронӣ намуд.

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Ҳамзамон, зимни мулоқот Меъроҷ Раҳимзода, коршиноси КМИР,  бо ишора ба таҳаввулотҳои дар бисёр кишварҳо баамаломада, иброз намуд, ки бояд ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста кӯшиш намоем, то бадхоҳони миллат аз ин маъракаи барои давлату миллат тақдирсоз ба нафъи худ суиистифода нанамоянд.