Наҷоти сокини Душанбе, ки дар дохили лифт дармонд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти як сокини шаҳри Душанбе, ки дар дохили лифт дармонда буд, хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳодиса рӯзи18 августи соли 2020, соати 22:05 дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба КҲФ, як сокини кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, ки дари лифти бино воқеъ дар кӯчаи номбурда махкам шуда, дар даруни он  сокини 29-солаи ҳамин бино дармондааст.

Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

"Соати 22:08 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 22:30 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандро сиҳату саломат аз он берун карданд", - омадааст дар хабарнома.

Наҷоти кӯдаки дусола дар Душанбе, ки паси дари баста монда буд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти як кӯдаки ду сола, ки паси дари баста дармонда буд, хабар доданд.