ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Имрӯз физикдони маъруф, олими соҳаи физика ва математика Тошбой Бобоев дар синни 78 - солагӣ олами фониро падруд гуфт, хабар медизад сомонаи Фараж.
Ба иттилои манбаъ, марҳум дар бемористони "Истиқлол" ҷон бохт ва иллати марги ӯ дақиқ гуфта нашудааст.
Манбаъ меафзояд, Тошбой Бобоев зодаи шаҳри Панҷакент буда, хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 1968 шуъбаи аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС мебошад.
Марҳум соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ гардида буд.
Гуфта мешавад, Тошбой Бобоев бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон", Ордени "Нишони фахрӣ", ордени "Хизмати шоиста" ва Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Маросими видоъ бо Тошбой Бобоев имрӯз дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид.