Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Таҳдиди мавҷи дуюм: сокинони Суғдро аз хатари COVID - 19 огоҳ карданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сокинон бояд дарк​ намоянд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз беморӣ ин риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бо худ доштани ниқобҳои ҳимоятӣ, риояи фосилаи иҷтимои, ҳифз намудани худ ва атрофиён​ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулони сохторҳои давлатӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевосита дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд.

Манбаъ мегӯяд, воқеъияти ҳол нишон медиҳад, ки як андоза шаҳрвандон бемасъулиятиву фориғболиро пеша кардаанд.

Таҳдиди мавҷи дуюм: сокинони Суғдро аз хатари COVID - 19 огоҳ карданд

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҳушдор додааст, ки мавҷи дуюми беморӣ шадидан ба иқтисодиёти кишварҳо зарба зада, шумораи фавтидагон ба маротиб зиёд гардида истодааст. Хушбахтона, сатҳи сироятёбӣ ба ин беморӣ дар қиёс бо дигар ҳамсоякишварҳо дар ҷумҳурии мо кам аст. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо хотирҷамъ бошем. 

Ҳашт сол пеш: версияи нави пайдоиши коронавирус

Афсарони фаъоли Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир менамоянд.

Ин навбат чунин корҳои таблиғотиро дар боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва мағозаи Набиҷон, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд  доир намуда, бо сокинон доири пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ мулоқот анҷом доданд ва зарурати риояи гигиенаи шахсиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.

Зимни мулоқотҳо таъкид шуда, ки солимии ҷисму руҳи инсон аз худаш вобастагии калон дорад.

"Танҳо шаҳрвандонро мебояд, ки зимни баромадан ба кӯчаҳо бояд ниқобҳои ҳимоятиро истифода баранд. Ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт кунанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ниқобҳои тиббӣ, ки аз ҷониби Шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд омода намудаанд, китобчаҳои иттилоотӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсиву наздикон ва дастпӯшакҳои тиббӣ тақсим карда шуд.