Раисҷумҳур ва раиси шаҳр чанд иншооти навро ифтитоҳ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи оғози соли хониш чанд иншооти нави соҳаи маорифро ифтитоҳ карданд.

Ҷалби қариб ним миллиард қарзу грант барои бунёди 68 мактаб дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ карданд.  

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқат  дар шаҳри Душанбе аввалин Литсейи Президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 таъсис дода шудааст.

Президенти Эмомалӣ Раҳмон масъулони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди Литсей боғчаи кӯдакона барои 230 нафар таъсис диҳанд.

Инчунин субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Гуфта шудааст, ки мактаби мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” Ҳурматулло Зайдов тариқи эҳсонкорӣ сохта шудааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки фарзандони сокинони 7 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур аз сабаби набудани мактаб таҳсилро дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома медоданд. Акнун баъди аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шудани ин даргоҳи маърифат мушкилоти сокинон ҳал гардид.

ИНчунин гуфта шудааст, ки пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар толори мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти муосири илмомӯзӣ табрику таҳният гуфт.