Даҳ ҳазор сомонӣ барои қатли 420 саги дайду

Мақомоти ноҳияи Ёвон таъкид кардааст, ки дар соли равон шумораи осебдидагон аз сагҳои дайду хеле кам шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Сармуҳандиси Раёсати хоҷагии манзилии коммуналии ноҳияи Ёвон Қурбон Ёров таъкид кардааст, ки бо маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ дар ду марҳила 10 ҳазор сомонӣ барои харидории тир ҷудо карда шуд, ки бо ин тирҳо 420 саги дайду безарар гардонида шуданд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Осеби 3700 сокин ва парондани 717 саг дар Суғд: раиси Хуҷанд ба ҳимояи ҳайвонҳо хест

Гуфта шудааст, ки ба далели камбуди тир барои безарар гардонидани сагҳо дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Ёвон сагҳои дайду зиёд ба назар мерасад.

“Барои харидани тир бо мақсади  нобуд кардани сагҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Раис моро дастгирӣ кард ва рӯзҳои наздик бояд 5 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шавад”, — илова кард Қурбон Ёров.

Ҳамзамон масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ хабар доданд, ки дар 7 моҳи соли равон 28 нафар бо далели осеб дидан аз ҳайвонҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо се нафар бистарӣ шудаанд.