Чин – макони пайдоиши коронавирус, ваксинаашро ҳам кашф кард

Мақомоти Чин аз сабти нахустин ваксинаи зидди вируси коронаи сохти ин кишвар хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ин ваксинаро, ки "Ad5-nCoV" ном дорад ширкати дорусозии "Кон Сину"-и Чин тавлид кардаву санаи даҳуми августи 2020 онро ба таъйид ва сабт кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард

Тибқи иттилоияе, ки дар вебгоҳи Созмони миллии моликияти маънавии Чин мунташир шудааст, дар сурати густариши дубораи вируси корона дар ин кишвар, тавлиди анбӯҳи ин ваксина метавонад дар муддати замони кӯтоҳ анҷом шавад.

Ширкати дорусозии "Кон Сину" рӯзи душанбе 17 август дар баёнияе эълом кард, сабти ин ваксина, асарбахшӣ ва эминии онро таъйид карда ва ҳуқуқи моликияти маънавии онро нишон медиҳад.

Ин ширкат дар иттилоияи худ афзудааст, ки марҳилаи севум ва ниҳоии озмоиши болинии ин ваксина, ки дар Мексика ва Арабистон дар ҳоли анҷом аст, ба суръат пеш меравад ва музокира бо Русия, Бразилия ва Чили барои анҷоми озмоишҳои марҳилаи севуми болинӣ дар ин кишварҳо оғоз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Русия низ аз сабти нахустин ваксинаи зидди вируси коронаи тавлиди худ хабар дода буд.