Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Эрон дар чаҳор моҳи нахусти соли ҷории хуршедӣ, ба 56 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон анвоъи нони ширинӣ, шакалот ва бисквит содир кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои, гумруки Эрон дар моҳҳои фарвардин то тири 1399 хуршедӣ 152 миллиону 892 ҳазору 563 доллар анвоъи нон, ширинӣ, шакалот ва бисквити эронӣ ба 56 кишвари ҷаҳон содир шудааст, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон" дар истинод ба хабаргузории "Тасним".

Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Тоҷикистон, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Норвегия, Нидерланд, Австралия, Олмон, Австрия, Канада, Малайзия, Жопон, Полша, Ҷибутӣ, Арманистон, Русия, Кувейт, Соҳили Оҷ, Қатар, Қирғизистон, Швейтсария, Чин, Баҳрайн, Сомалӣ, Яман, Аморот, Беларус, Нигер ва Уммон аз ҷумла мақсадҳои содиротии ширинӣ ва шакалоти Эрон ҳастанд.

Дар ин муддат Ироқ бо беш аз 50 миллиону 383 ҳазору 137 доллар, Афғонистон бо 29 миллиону 963 ҳазору 770 доллар ва Покистон бо 6 миллиону 304 ҳазору 46 доллар умдатарин харидорони нон, ширинӣ, шакалот ва бисквит аз Эрон будаанд.