Беш аз 232 ҳазор ба синфи 1 мераванд: оғози соли хониш бо дарси Раҳмон

Рӯзи 17 август дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш бо дарси сулҳ, оғоз мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, хабар дод “Ховар”.

Аз 17 август дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёт байни шаҳрҳо барқарор мешавад

Манбаъ афзуд, ки “ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  барои  омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад”.

Таъкид шудааст, ки Рӯзи дониш дар мамлакат имсол ба он хотир ба 17 август гузошта шуд, ки таътили тобистонаи муҳассилин бо қарори Ситоди мубориза бо COVID-19  аз 11 май то 16 август, эълон гардид.

Тибқи итилои Вазорати маориф, дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3884 адад ва шумораи хонандагон 2035158 нафар мебошад, ки 981 280 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

“Имсол ба синфи якум 232208 нафар кӯдакон мераванд, ки аз он 112176 нафараш духтарон мебошанд. Дар мамлакат имсол 114495 нафар хонанда синфи 11-ро хатм намуд, ки аз ин шумора 53 075 нафараш духтарон мебошанд. Теъдоди омӯзгорон соли равон 124593 нафар буда, аз он 74046 нафараш зан мебошад”, - омадааст дар матлаб.