Ҷамъиятшинос: баъзан ба русҳо назар ба муҳоҷирон, кор ёфтан мушкилтар аст

Ҷамъиятшиноси рус ба вазъи муҳоҷирон дар Русия баҳо дод ва таъкид кард, ки бояд талаботҳои кордиҳандагонро ташдидтар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемияро роҳбари шӯъбаи равандҳои этнодемографӣ ва интегратсионии Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои демографии АИР, доктори илмҳои сотмиологӣ Виктория Леденова тавзеҳ дод.

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

Вай таъкид кард, ки дар ин давра муносибати манфӣ нисбат ба муҳоҷирон бо далели зиёд шудани бекорӣ ва беаҳамияти ба ин табақа одамон зиёд шуд.

"Дар ин вақт шаҳрвандони зиёди Русияро низ аз кор пеш карданд, бештари тиҷоратҳо баста шуданд, шаҳрвандони мо бепул монданд, ба онҳо низ мушкил аст. Баъзан ба русҳо нисбат ба муҳоҷирон ба кор даромадан мушкилтар аст", - тавзеҳ дод коршинос ва гуфт, ки сабаби ин талаботи бештари шаҳрвандони Русия аз мансабҳо мебошад.

Дар ҳамин ҳол, коршинос пешниҳоди бештар кардани талаботро нисбати кордиҳандагони муҳоҷирон мепазирад.

"Агар муҳоҷирон мақсаднок ба назди кордиҳандагон раванд ва кордиҳандагон масъули кормандонашон бошанд, ё бо ҷои зист таъмин кунанд, ё донанд, дар куҷо зидагӣ мекунанд, хуб мешуд", -таъкид мекунад Леденева.

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

 

Коршинос афзуд, ки муҳоҷирон дар бештари ҳолат, инсонҳои одианд, ки аз бекорӣ дар ватан ба Русия меоянд, аммо дар Русия "ба шароите меафтанд, ки кордиҳандаҳо онҳоро бидуни ҳуҷҷат қабул мекунанд ва маоши кам медиҳанд".