Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард

Дар корхонаҳои дорусозии Русия ба истеҳсоли нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус, ки сохти русӣ мебошад, шурӯъ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия хабар дод, ки дар кишвар ба истеҳсоли нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус дар шароити корхонаҳои дорусозӣ шурӯъ намуданд.

Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард номи "Спутник V"- ро гирифт.

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Ба иттилои манбаъ, ваксина ду маротиба гузаронда мешавад ва ҳамин тавр одамон ба мӯҳлати ду сол алайҳи маризии сироятии коронавирус масуният пайдо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳое мебошад, ки ба ваксинаи сохти русӣ тавваҷӯҳ намуд ва хостори дастрас кардани ин ваксина намуд.