Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷии Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зидди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.