Вахон ном ниҳоданд: ҳимояти Ҳукумат аз тағйири ном дар Ишкошим

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Вахон ном гирифтани яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим ҷонибдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим тағйир дода шавад.

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод

Вакилони ВМКБ ба ҳайси номи нав барои ҷамоати деҳоти Шитхарв - Вахонро пешниҳод кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат аз Вахон ном гирифтани ҷамоати деҳоти Шитхарв ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод намудаст.

Қаблан Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак”  ном гирифт.