Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зидди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Федератсияи Русия доир ба харидории воксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид  ба роҳ монд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар ин бора гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат бо такя ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

Ба иттилои манбаъ,  ҳаҷми истеҳсоли воксина дар Русия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Русия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Русия тақрибан 9 сол лозим аст.  Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории воксина дар навбат қарор доранд, гуфтааст ӯ.

“Азбаски байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин воксина  дастрас карда мешавад”, -мегӯяд ӯ.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии воксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

Бояд тазаккур дод, ки воксинаи Русия бар зидди коронавируси COVID-19 11 август ба қайд гирифта шуд. Дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр эмкунии шаҳрвандони Русия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.