ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҳукмҳои ҷиноятиро барои давраи то соли 2030 тасдиқ кард.
"Масъалаи муҳим ин шуғли маҳкумшудагон аст, зеро ин яке аз омилҳои асосии тағйирот мебошад ва инчунин маҳбусон имкони дарёфт кардани пул ва ба хешовандонашон фиристодани онро ё ҳатто гирифтани касби навро доранд", - гуфт Светков дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Аммо, рақобатпазирии ин гуна маҳсулот паст аст ва мутаносибан музди меҳнат паст хоҳад буд, аз ин рӯ, барои ин маҳсулот бояд фармоиши давлатӣ мавҷуд бошад.
Ба ақидаи ӯ, зиндон метавонад як навъи "курсҳои такмили ихтисоси ҷинояткорон" бошад.
Бо вуҷуди ин, коршинос бар он ақида аст, ки нигоҳ доштан муддати тӯлонӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рӯҳияи инсонро “мешиканад”, аз ин рӯ қонунгузориро бештар барои ҷиноятҳое, ки хусусияти зӯроварӣ надоранд инсондӯстона кардан, зарур аст.
Зиндонҳо: дар ним сол чанд кас фавтид?
Аз ҷумла, барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷарима ва ё ҷазои шартӣ пешбинӣ шуда метавонанд.
Инчунин, барои пешгирии паҳншавии беморӣ, коршинос таъсиси колонияҳои ҷудогона барои беморон, алахусус, гирифторони силро зарур мешуморад.
"Зиндонҳо бе корона": Мансурҷон Умаров дар бораи ҳифз ва раҳоии зиндониён
"Дар Тоҷикистон ҳама биноҳои зиндонҳо кӯҳнаанд, аз ин рӯ сохтани биноҳои наверо, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ бошанд, лозим аст. Вақте ки инсон дар шароити мӯътадил зиндагӣ мекунад, худро дигар хел эҳсос мекунад, камтар нороҳат мешавад ва аз нав дубора ҳамчун узви ҷомеа барқарор мешавад. Инчунин муҳим аст, ки кормандон дар шароити муқаррарӣ кор кунанд",-гуфт, Светков.