Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.