Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Киҳо аввалин шуда воксинаи зидди COVID-19-и Русияро дар Тоҷикистон мегиранд: вазорат гуфт

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ҳангоми харидории воксина бар зидди коронавируси COVID-19 киҳо аввал шуда онро дастрас мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ин ниҳод гуфтааст ҳангоми харидории воксина пеш аз ҳама, он барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.

Тасмими Тоҷикистон барои хариди воксинаи зидди COVID-19 аз Русия: гуфтугӯ идома дорад

Ҳоло Тоҷикистон барои харидории воксина бо ҷониби Русия гуфтушунид дорад хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат бо такя ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

“Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд”, —мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

Ёдовар мешавем, ки ваксинаи Русия бар зидди коронавируси COVID-19 рӯзи 11 август ба қайд гирифта шуд.

Дар бораи расман ба қайд гирифта шудани он президенти Русия Владимир Путин расман хабар дод.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Русия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.