Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Ронандаи 30 - сола, ки воситаи нақлиёташро бо суръати баланд меронд, нахуст ба монеасанги канори роҳ ва сипас ба поясутуни симчӯб бархӯрда автомашинаашро чаппа кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохили дар шаҳри Душанбе, навор аз як садамаи нақлиётӣ дар эстакадаи пойтахтро шарҳ дод. Навори мазкур чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди баҳси корбарон қарор гирифт.

Зимнан, кормандони пулис ронандаи автомашинаеро, ки пас аз бархӯрдан ба монеасанги канори роҳ ва поясутуни симчӯб чаппа шуда буд, дастгир намуданд.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Дастгиршуда Оев Қосими 30 - сола, сокини шаҳри Душанбе буда, санаи 13-уми август, тақрибан соатҳои 15:00 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Н.Махсум ба тарафи кӯчаи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи истгоҳи воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеасанги (бардюр) канори роҳ ва сипас ба бетони поясутуни симчӯб бархӯрда, автомашинаи худро чаппагардон кард.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, дар садамаи мазкур касе осеби ҷиддӣ надид.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки  ронанда бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ худравашро бо суръати ниҳоят баланд идора мекард, ки дар натиҷа ба садама дучор шуд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ дар ин самт ҷараён дорад.