Парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе: 122 мусофир вориди Тоҷикистон мешаванд

Парвози махсус дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифта, 122 мусофир озими Тоҷикистон хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Интизор меравад, имрӯз 13 - уми август аз шаҳри Машҳади Эрон парвози махсус ба Тоҷикистон анҷом ёбад, хабар медиҳад "Парс тудей".

"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

Ба иттилои манбаъ, парвози махсус бо ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон ва бар асоси меъёрҳои шадиди тандурустӣ анҷом мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Гуфта мешавад, қаблан сафорати Тоҷикистон дар Эрон хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистонро номнависи карда буд.

"Дар парвози имрӯз ҳудуди 122 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон озими Душанбе ҳастанд, ки дар идома бо ҳамин парвоз шаҳрвандони эронии сокини Тоҷикистон ба ватанашон боз хоҳанд гашт.

Дар пайи шуюи вируси корона парвозҳои мамулии миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон қатъ шуда ва дар ин охир танҳо ду парвози ихтисосӣ миёни ду кишвар анҷом шуда, ки инак парвози севвум дар роҳ аст.

Қарор аст, парвози оянда дар масири Машҳад ба Душанбе ва баръакс рӯзи  3 -юми сентиябр сурат гирад.