Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Бобораҷаб Ҷавлиев, ки қариб 20 соли пеш аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, феълан хотираашро аз даст дода, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Қазоқистон мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҷавлиев бори охир соли 2012 ба хонааш занг зада, хабар додааст, ки дар шаҳри Тула мебошад ва баъд аз он дигар бедарак шудааст.

Ҷавлиев дар Тоҷикистон волидон, зану ду фарзанд дорад, ки тайи 8 соли охир аз ӯ паёме нагирифтанд, гузориш дод шабакаи телевизионии Мир.

Маълум шудааст, ки Ҷавлиев ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст, ки дар натиҷа хотираашро аз даст додаст. Ӯ мегӯяд, чӣ гуна дар Қазоқистон қарор гирифтанашро дар хотир надорад. Дар ин кишвар ба ӯ сокини маҳаллӣ Леонтий Демяшев сарпаноҳ додааст ва бо мурури бозгашти қисмани хотира Ҷавлиев тасмим гирифтааст, ки ба ватан назди хонаводааш баргардад.

Феълан Ҷавлиев дар боздоштгоҳи махсус барои шаҳрвандони бидуни аснод қарор дорад ва масъалаи бозгашти ӯ дар баррасии мақомоти Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.