Тағйироти кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд: сардорони нави МНДСЭ киҳоянд?

Тибқи фармонҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, сардорони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Зафаробод, Исфара, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон таъйин шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи Пулотзода Акрам Анвар, нозири шуъбаи кадрҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд, сардорони идораҳои санитарию эпидемологии вилоят ва шаш шаҳру ноҳияҳо нав шудаанд.

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Орипов сардори Идораи санитарию эпидемиологӣ шуд

Пулотзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ному насаби сардорони тозатаъйинро ироа намуд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, бо фармонҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шералиев Фаридун Бобоҷонович сардори ин ниҳод шаҳри Бӯстон, Раҳмонзода Фрӯзон Фармон дар ноҳияи Зафаробод, Аюбов Султон Муҳитдинович дар шаҳри Исфара, Усмонова Таҳмина Ҳасанована дар шаҳри Хуҷанд, Зокиров Ҷаҳонгир Иброҳимович дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Юсупов Сиёвуш Миршакарович сардори идораи МНДСЭ дар ноҳияи Шаҳристон таъйин шудаанд.

Ҳамчунин бо фармони Қурбонзода Шамсиддин роҳбари Хадамот, Орипов Маҷнун Мавлонович сардори МНДСЭ дар вилояти Суғд таъйин карда шудааст.

Як манбаъ аз Хадамоти назорати давлатию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон роҳандозӣ шудани ин тағйироти кадриро ба хотири тоза намудани ашхоси роҳбарикунандаи ғайрисоҳавӣ дар ин соҳаи беҳдоштии кишвар арзёбӣ намуд.

“Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19 бе иштироки мутахассис, пеш бурдани кори ин соҳа саҳлу содда нест. Бинобар дарки ин масъала аз сӯи Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъйиноти кадрӣ роҳандозӣ карда шуд”, гуфт манбаъ.

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ як ниҳоди навтаъсис буда, он дар доираи Барномаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19, рӯзи 16-уми май дар заминаи қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст.