Супоришҳои Давлатзода ба масъулини Суғд барои таъмири мақбараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба ноҳияи Панҷакент рафта, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ошно гардидааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба ноҳияи Панҷакент рафта, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ошно гардидааст.

"Давлатзода дар Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд аз рафти корҳои тармиму таъмири мақбараи Устод Рӯдакӣ дидан намуд ва бо масъулини муассиса вохӯрда, барои ҷонноктар кардани ҷараёни кор супоришҳо дод", - омадааст дар хабарнома.

Боиси зикр аст, ки 7 август Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг, ки дар арафаи таљлили Истиќлолияти давлатии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор мегирад, шинос гардида буд.

Дар бораи Рӯдакӣ чӣ медонем?

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо ҳазор ҷои нишаст  бунёд шуда истодаст. Тибқи иттилои масъулини сохтмон иншоот дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад.

Зулфия Давлатзода зимни сафар бо аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ва дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони раёсати фарҳанги вилояти Суғд вохӯрӣ намуда, фаъолияти минбаъдаи Қасри фарҳангро мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор додааст.

Дар Австралия ҳам аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ёд хоҳанд кард

Ӯ таъкид кардааст, ки бо ба истифода додани ин бинои замонавӣ бобати ҷалби мутахассисон ва ҳунарпешагони ҷавону болаёқат тадбирҷўӣ намуда, фаъолияти онро ба таври муосир ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, бо истифода аз захираҳои дохилии зеҳниву кадрӣ пайваста кўшиш ба харҷ диҳанд, ки рисолати касбии хешро дар самти тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои милливу таърихӣ адо намоянд.