Садамаи мошин бо 28 тонна бор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб - аксҳо аз ҷои ҳодиса

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз садамаи мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, садамаи мошини боркаш, ки аз Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб равон буд, тақрибан соати 02 шаб иттифоқ афтод.

"Садама дар километри 87-ум дар қаламрави ноҳияи Данғара, ҷамоати Оқсу рух дод. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин мошин 28 тонна тахтаро ба Кӯлоб мебурд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ронанда Хушвақ Абдуллоев беосеб аз мошин берун шудааст, аммо мусофири он Фаррух Абдуллоев дар дохили мошин мондааст.

Кормандони Кумита якҷо бо сардори БДА, кормандони тиб ва шаҳрвандон бо воситаи 1 мошини ёрии таъҷилӣ, 2 мехлопата, 2 кран ва нақлиёти дигари боркаш  барои наҷот додани мусофири дармонда ҷалб шудаанд.

Бар пояи хабари КҲФ соати 06:20 дақиқа мусофирро аз дохили мошин берун оварданд ва ба бемористон интиқол додаанд.

Дар бораи вазъи саломатии мусофир хабаре нашр нашудааст.