ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми се рӯзи оянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони омадани сел дар назар аст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, чунин ҳодисаи табиӣ метавонад дар минтақаҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим рух диҳад.
Манбаъ мегӯяд, гармии бефосилаи тобистон ва баланшавии ҳарорат сабаби обшавии пиряхҳо ва омадани селро дар пай дошта бошад.
Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад
КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар минтақаҳои кӯҳистон ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва сайёҳӣ дар кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.
Офатҳои табиӣ ба вилояти Суғд зиёда аз 14 миллион сомонӣ хисорот овардааст
Ёдрас мешавем, ҳарорати баланди то 44 дараҷа сар моҳи май дар Тоҷикистон идома дорад.