Дастури Рустами Эмомалӣ барои муаянсозии реҷаи дақиқи кори бозорҳои Душанбе

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар бораи муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии Душанбе қарор қабул кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, барои омӯзиш ва дақиқсозии реҷаи кории бозорҳои пойтахт ва марказҳои маишӣ комиссияи махсус ташкил шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ба ҳайати комиссия кормандони шаҳрдорӣ,  намояндагони ҷамъиятиву ниҳодҳои амниятӣ шомил шудаанд.

Тибқи дастури шаҳрдорӣ, ҳангоми таҳияи режими иншооти мазкур масъалаҳои марбут ба риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини оромии шабонаи шаҳрвандонро ба назар гиранд.

“Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини  иҷрои қарори мазкур ва пешгирии халалдор кардани оромӣ чораҳои зарурии таъхирнопазир андешад”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, комиссияи мазкур бояд давоми як моҳи омӯзиш нақшаи дақиқи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маиширо барои тасдиқ ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод намоянд.