ВКД ҷинояти мудҳиши соли 1993 дар Хуросонро ошкор кард: дар соҳили дарё парронданд

Ду нафар шахсони силоҳдор ҳарду ҷабрдидаро бо мақсади аз ҳаёт марҳум кардан ба соҳили дарёи Вахш бурда, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” ба тарафи номбурдагон тир холӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани ҷинояти куштори бераҳмона аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ хабар додааст. Бино бар иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур соли 1993, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ анҷом дода шудааст.

Иттиҳоми нав дар парвандаи Хӯҷа Командир: куштори як нафар ва гаравгирии дуи дигар

Манбаъ менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пеш дастгиршуда марди-60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон (зоҳиран Хӯҷа Командир - идора) бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гуруҳи муташакилли ҷиноятии созмондодааш ва бо силоҳи оташфишони автомати тамғаи “Калашников”, мардони 50 ва 59-солаи сокинони шаҳри Душанберо дар дохили автомашинаи шахсии яке аз онҳо тамғаи “ВАЗ-2106” нигоҳ доштаанд.

Баъдан санаи 3-юми январи соли 1993, бо супориши гумонбаршаванда марди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи мазкур ва ду нафар шахсони силоҳдори бо тафтишоти пешакӣ номаълум ҳарду ҷабрдидаро бо мақсади аз ҳаёт марҳум кардан ба соҳили дарёи Вахш ҳудуди деҳаи Сари-Пул-1, ҷамоати деҳоти Ф.Саидови ноҳияи Кӯшониён бурда, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” ба тарафи номбурдагон тир холӣ мекунад.

Куштор дар қабристон: боздошти шаш "рекет"-и солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Хуросон

Дар натиҷа якеашон ҷароҳат бардошта ба дарё афтида ба ҳалокат мерасад ва нафари дигарашон барои наҷот ёфтан худро ба дарёи Вахш партофта ба самти ҷараёни об шино мекунад. 

Нисбати марди 72-сола ва дигарон ҳаммаслаконаш оиди куштори номбурда бо моддаи 104 (таҳқири соли 1996 одамкушӣ) ва оиди суиқасди куштори нафари дигар бо моддаи 15-104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.