Тоҷикистон барои довталабони афғон 5 бурсия ҷудо кард

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳсил ва будубоши донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дастрас ва тамдид намудани раводид барои донишҷӯён, мавриди таҳлил қарор гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати маориф ва илми оҷикистон омода аст, ки аз 50 бурсияи пешбинишуда дар соли таҳсили 2020-2021 5 бурсияро барои таҳсил дар зинаи магистратура барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷудо намояд.

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён гардид.

"Дар мулоқот мусоҳибон вобаста ба ҳамкории ҷойдоштаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, густариши ҳамкории илмию омӯзишӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан гуфтанд", - менависад "Ховар".

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳсил ва будубоши донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дастрас ва тамдид намудани раводид барои донишҷӯён, инчунин ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандони Афғонистон дар соли таҳсили 2020-2021 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар Душанбе дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як зумра корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла, дар доираи нақшаи ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни кишварҳо, дар доираи Тафоҳумнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар доираи Тафоҳумнома миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳамкории доимӣ ба роҳ монда шудааст.