ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Пулотзода Акрам Анвар, нозири шуъбаи кадрҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тағйироти кадрии ахирро тасдиқ карду гуфт, тибқи фармони Қурбонзода Шамсиддин, сардори Хадамот, Орипов сардори МНДСЭ дар Суғд таъйин карда шудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ Орипов Маҷнун корро дар вазифаи нави роҳбарӣ сар аз рӯзи 5 уми август шурӯъ карда, ӯ дар ин мақом Ҷабборов Абдуғаффорро иваз намудааст. Орипов то ин ҷониб дар як қатор идораи беҳдоштию санитарӣ кору фаъолият кардааст.
Сардори навтаъйини МНДСЭ Суғд кист?
Орипов Маҷнун Мавлонович соли 1982 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи собиқ Ғончӣ, ҳозира Деваштич таваллуд шудааст.
Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ро бо ихтисоси беҳдорӣ, беҳдоштӣ, вогиршиносӣ хатм намуда, солҳои 2005 -2006 Духтур-эпидемологи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии дар шаҳри Душанбе.
Орипов дар вазифаҳои мудири шуъбаи эпидемологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи паразитологии маркази мазкур, мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд фаъолият мекард.
Ҳамчунин дар як муддат ба ҳайси муовини сардор оид ба корҳои эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва муовини сардор оид ба корҳои санитарии маркази мазкур ифоаи вазифа мекард.
Таъйиноти кадрӣ дар мудофиа: подполковник Сангинзода комиссари ҳарбии Исфара кист?
Зимнан, аз санаи 5-уми августи соли 2020 бо фармони сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд таъйин шудааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ дар баробари сардори МНДСЭ Суғд, сардорони идораҳои ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Хуҷанд ва Исфара иваз шудаанд.
Як манбаъ аз Хадамоти назорати давлатию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйироти кадрии ахир, умдатан бо сабаби тоза намудани ашхоси роҳбарикунандаи ғайрисоҳавӣ бо мутахассисони ҳирфавии таҷрибадидаи соҳа сурат гирифтааст.
"Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19 бе иштироки мутахассис, пеш бурдани кори ин соҳа саҳлу содда нест. Бинобар дарки ин нукта роҳбарияти Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъйиноти кадрӣ роҳандозӣ намуданд", - гуфт манбаъ.
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ як ниҳоди навтаъсис буда, дар доираи барномаи давлатии муқобила бо пандемияи COVID рӯзи 16-уми май қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси он ба тасвиб расидааст.