Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ

Бар асоси даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.