Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт ба ҷони худ сӯиқасд кард

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Худоёр Худоёрзода дар заминаи муноқишаи оилавӣ, дар манзили зисташ қасд ба ҷони худ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Худоёр Худоёрзода вазири нақлиёти Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони худ кардааст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии кишвар.

Сӯиқасд ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 11 - уми август дар манзили зисти вазири нақлиёт рух додааст.

Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

Омили даст ба сӯиқасд задани Худоёрзода муноқишаи оилавӣ арзёбӣ мешавад.

"Худоёр Худоёрзода дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, пайвандони Худоёрзода: ҳамсараш А. Қаландарова, писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Суфишоева ва дигар аъзоёни оила, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд.

Навори нодири сӯиқасд ба Президент: посух ба суоли Ёқуб сипар шуд ё Мурод?-видео

Гуфта мешавад, алъон вазири тоҷик дар дармонгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва пизишкон вазъи ӯро пас аз ҷарроҳӣ мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Зикр мегардад, феълан вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.