Худкушӣ ё маризи COVID - 19 буд: даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк"

Дар ноҳияи Шаҳринав собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк" Зоирҷон Қурбонов дар синни 36 - солагӣ фавтидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбон" дар ноҳияи Шаҳринавро рӯзноманигори тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудаву аз марҳум инсони хоксору заминӣ ёдовар шудааст.

Даргузашти академик, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори “Истиқлол”

Зимнан, дар аксар расонаҳои кишвар хабари даргузашти Зоирҷон Қурбонов нашр шуд ва иллати марги ӯро худкушӣ навиштанд.

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

Аммо манобеи Фараж бо такя ба гуфтаҳои наздикони Зоирҷон хабар дод, ки собиқ раиси филиали ин бонк дар ноҳияи Шаҳринав аз маризии коронавирус ба ҳалокат расидааст.

"Марҳум аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш азият мекашид ва тайи як ҳафтаи ахир дар бемористони ноҳияи Шаҳринав бистарӣ буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба қавли наздикон, Зоирҷон Қурбонзода ду моҳ қабл ба бемории коронавирус гирифтор шуда будааст.

"Ин беморӣ баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт", — афзудаанд пайвандони марҳум.