ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз доир гардидани амалиёти "Бачаҳо" аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ин ниҳод хабар медиҳад.
"Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад", - тавзеҳ медиҳад ВКД.
Аз 17 августи соли ҷорӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз мегардад ва дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад ва нисбати кӯдакону наврасон боэҳтиёт бошед.
Ҳалокати кӯдаки 6- сола дар садама
"Муҳтарам падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ. Ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз онҳо талаб намоед. Шаҳрвандони азиз. Кудакону наврасонро дар роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоред, ҳаёт ва сломатии онҳоро ҳифз намоед", - дархост мекунад Раёсати БДА.