Беш аз 5,5 ҳазор амрикоӣ аз шаҳрвандии худ даст кашиданд: сабаб дар чист?

Соли гузашта, ҳамагӣ 2072 амрикоӣ аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд ва шаҳрвандии дигар давлатро пазируфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ширкати "Бамбриҷ" дар Ню - Йорк гузорише дар мавриди афзун шудани теъдоди шаҳрвандони амрикоӣ, ки аз шаҳрвандии худ даст мекашанд, интишор намуд.

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

Ба гузориши ин ширкат, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дасти кам 5800 нафар аз шаҳрвандони Амрико аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд.

Дар ҳоле, ки соли гузашта ҳамагӣ 2072 нафар аз шаҳрвандии худ даст кашида будаанд.

Манбаъ меафзояд, афроде, ки тарки шаҳрвандӣ кардаанд аз иттифоқоте, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯй додааст, аз наҳваи мудирияти ҳамагирии корона ва сиёсатгузориҳо дар Амрико хаста шудаанд.

Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад

Бар асоси ин гузориш, ҳар шаҳрванди амрикоӣ агар дар Амрико набошад ва бихоҳад шаҳрвандии амрикоии худро канор бигузорад, бояд 2350 доллар бипардозад ва шахсан дар сафорати Амрико дар кишваре, ки зиндагӣ мекунад, ҳузур пайдо кунад.

Бамбриҷ пешбинӣ кард бо вуҷуди хатарҳое, ки дар канор гузоштани шаҳрвандии амрикоӣ вуҷуд дорад, ин раванд ҳамчунон рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Дар ин гузориш омадааст, агар Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри имсол пирӯз шавад, мавҷи наве аз шаҳрвандонеро шоҳид хоҳем буд, ки шаҳрвандии амрикоии худро канор хоҳанд гузошт.