Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ: дар Душанбе фестивали донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд, бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент расман кор кунанд.

Барои кор кардан, донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.