Дар маркази ноҳияи Рӯшон сутунпояи Парчами миллии 30 метрӣ қомат меафрозад

Дар  атрофи парчам соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои сангпӯш, ҳавзи оббозӣ, маркази дилхушӣ барои кӯдакону наврасон бунёд кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар канори рӯдхонаи Панҷ дар остонаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сутунпояи Парчами миллӣ бо баландии 30 метр қомат меафзояд.

Иқдоми "Хайр": кумаки бадахшониҳои муқими Амрико ба ятимони мактаб - интернати Рӯшон

Дар  атрофи ин парчам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои сангпӯш, ҳавзи оббозӣ, маркази дилхушӣ барои кӯдакону наврасон бунёд ёфта, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ 620 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, корҳои ободонию сабзазоркуниро дар баробари кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ сокинони маркази ноҳия бар уҳда гирифтаанд, менависад АМИТ "Ховар".

Назаршо Шералиев сокини ноҳия гуфт, ки "ин ҳама ободкориҳо ба хотири насли имрӯзу ояндаи ҳамин сарзамин аст. Ман хушҳолам, ки дар бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ каме ҳам бошад, саҳм мегузорам. Фардо агар ҳамроҳи наберагони худ барои истироҳат ба ин боғ биёям, бо ифтихор хоҳам гуфт, ки  фалон дарахтро ман шинондаам, то шумо аз меваҳояш баҳра баред ва дар сояаш дам гиред".

Атрофи боғ пурра панҷара кашида шуда, мутахассисони соҳаи барқ ба насбу васл кардани чароғҳои барқӣ машғуланд.

Манбаъ афзуда, ки занону духтарон ниҳолҳои гулро, ки қаблан дар гулдонҳо парвариш карда буданд, имрӯзҳо дар атрофи сутунпояи парчам мешинонанд.

Сокини ин ноҳия Перӯза Замирова, ки ҳамроҳи ду наберааш чанд рӯз боз дар маъракаи гулшинонӣ ширкат меварзад, ин иқдоми мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияро сутуда, изҳор намуд, ки бо бунёд ёфтани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи маркази ноҳия зеботар мешавад.