Мамнӯияти мулоқот бо зиндониён бо далели шӯюи коронавирус дар Тоҷикистон

Зиндониён метавонанд телефонӣ бо хонаводаҳои худ суҳбат кунанд ва маҳдудияте дар ин бора вуҷуд надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мамнуъ шудани мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон, ки ба далели шуйюи корона иҷро шуда ҳамчунон идома хоҳад ёфт, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Мақомот: дар ҳамла ба зиндони Нангарҳор чор тоҷик ширкат доштанд
Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар эълом карданд, замони лағви мамнуъияти мулоқоти зиндониён бо бастагони худ ба далели идомаи густариши корона мушаххас нест.

Гуфта мешавад, Мансурҷон Умаров- раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки бо вуҷуди коҳиши теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар хатари шуйюи мавҷи дувуми ин беморӣ ҳамчунон вуҷуд дорад.

Вай таъкид кард, ки аз замони эъломи вуҷуди бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон аз охирҳои марти имсол то кунун 11 зиндонӣ ва се корманди зиндон бар асари бемории корона фавт карданд.

"Зиндониён метавонанд телефонӣ бо хонаводаҳои худ суҳбат кунанд ва маҳдудияте дар ин бора вуҷуд надорад", - афзуд Умаров.