Дар Мӯъминобод шоҳроҳи Деҳлолоро мумфарш мекунанд

Инчунин ободии деҳот аз дастовардҳои созанда ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ- 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар деҳаи Деҳлолои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод мумфаршгардонии 3 км шоҳроҳи мошингард шурӯъ гардид.  Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур ба  АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар Суғд 1 ҳазору 116 километр роҳ таъмир шуд
Мумфаршгардонии шоҳроҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ роҳандозӣ гардида, баҳри амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- рушди деҳотҷойҳо равона карда шудааст.

Инчунин ободии деҳот аз дастовардҳои созанда ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ- 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст