Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

Даргузашти нобаҳангоми Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистон аҳли маорифчиёни Хуҷандро андуҳгин намудааст. Ризоева субҳи 8 август бар асари бемории саратон дар бемористони Хуҷанд ҷон ба Ҳақ супурдааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз даргузашти Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистони № 37 ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда ба аҳли пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

"Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз марги нобаҳангоми бонуи равшанзамир, шахси наҷибу нексиришт, Аълочии маорифи Тоҷикистон Маърифатхон Ризоева сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳад”, - гуфта шудааст дар тасаллиятнома.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Маърифатхон Ризоева ҳамагӣ 47 сол (1973 таваллуд шудааст) дошта, баъд аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос ва мутахассиси муассисаҳои томактабӣ гардидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Фаъолияти кории худро дар кӯдакистони №33 и Хуҷанд оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, мудири кӯдакистонҳои №7 ва 37 идома додааст.

67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Хуҷанд ӯ барои саҳми назаррас дар раванди таълиму тарбияи насли наврас борҳо бо ҷоизаҳо аз ҷумла бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардидааст.