"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" хабар медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор дошта, хоҳиши баргаштан ба ватанро доранд, ба намояндаии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"  барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул парвоз мекунад.

Таъхири парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Сургут: сабаб то ҳол норӯшан аст

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, парвоз дар масири Истанбул-Душанбе  санаи 11 - уми август сурат мегирад. Ҳадафи парвози махсус таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия ба ватан арзёбӣ мешавад.

Тумани ғафс омили ба таъхир мондани парвози 130 ҳавопаймо аз Русия гардид

Зимнан, котиботи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии "Сомон Эйр" дар Истанбул муроҷиат намоянд.

"Мутобиқи талаботи нави фурудгоҳи Истанбул ба сифати бори дастӣ ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад", - таъкид мегардад дар хабар.

Зикр гардид, ки меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе 20 кг муқаррар шудааст. Вақти парвоз аз Истанбул соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Бақайдгирии мусофирон аз соати 9:00 то 11:20 сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Гузашта аз ин, мусофирон баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.

"Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи "манфӣ" дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.