Садамаи мудҳиши маргбор дар Шаҳритус: ронанда модару кӯдаконашро пахш карду гурехт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки чор узви як хонаводаро пахш кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа рух додааст.

Нохушӣ дар оилаи Комиловҳо: ҳалокати се узви як оила ва мусофир зимни садамаи нақлиётӣ

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардонро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардон Рузиева Умеда Тургуновнаи 18 сола, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевнаи 23 сола ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевнаи 2 сола ва  Рузиев Неъматулло Бурибоевичи хануз яксола нашуда пас аз пахши мошин ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматов буда, ронанда пас аз пахи онҳо аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд” ,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.