Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори ҷадиди коронавирус дар ҷаҳон: беш аз 6 000 нафар дар як рӯз фавтиданд

Созмони ҷаҳонии беҳдошт охирин маълумот дар мавриди сироятшудагону шифоёфтагон ва ҳамчунин қурбониёни маризии коронавирус нашр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. СҶБ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон боз беш аз 283 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Ба ҳамин минвол, алъон теъдоди умумии сироятёфтагон ба ин маризӣ 19 546 748 нафарро ташкил медиҳад.

Дар як рӯзи охир аз ин маризӣ 6448 бемор ҷон бохтанд, ки шумораи умуми қурбониён акнун ба 724 123 нафар расидааст.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Манбаъ меафзояд, дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 154 118 нафар сироят ёфта, 4 598 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 473 нафар ва ҳолатҳои фавт 416 кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дарн ҷойи сеюм қарор дорад, давоми шабонарӯзи гузашта 67 863 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 999 беморон вафот кардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 7,5 ҳазор дардмандони коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дасти кам 62 мариз ҷон аз даст доданд.